МУЛОҚОТИ ДУҶОНИБА ВА ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ БО КОЛЛЕҶИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ БИНҶОУ
19 августи соли 2026 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти донишкада бо намояндагони Коллеҷи илм ва технологияи Бинҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби муассисаи чинӣ Liu Xiang — директори иҷроия ва Wang Yalin — муовини декани Мактаби таҳсилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ташриф меҳмонон бо фаъолияти донишкада аз наздик шинос гардида, ба онҳо имкониятҳои таълимӣ, илмӣ, инноватсионӣ ва инфрасохтории донишкада муаррифӣ карда шуданд.
Маълумоти муфассал:
https://www.facebook.com/share/p/1D5qA24ThH/
1August 19, 2026 345









