Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: post #1870 — TG.ME

ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ КОМБИНАТСИЯИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДААШОН

Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ).

Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати мураттабкардаи модули барномавии махсус тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур анҷом дода мешавад.

Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.

Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.

Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ новобаста ба он ки балли умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.

Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.

Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлате, ки Марказ барои ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) муқаррар мекунад, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Агар довталаби мазкур бинобар сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имкони ҳозир шуданро ба муассисаи таълимии дахлдор надошта бошад, ӯ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро тавассути хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) дар ҳамин муҳлати муқарраргардида ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод намояд. Дар ин сурат муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои довталабро аз хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) қабул кунад. Агар довталаби мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
July 24, 2026 6.8K