Кевин Келли дар китоби худ "The Inevitable", ки соли 2016 нашр шудааст, чунин мегӯянд: Оё то ҳол ба ин диққат додаед, ки ҳар рӯз дар интернет ҳаҷми бузурги маълумот тавлид мешавад?
Дар давоми тақрибан 9000 рӯз (25 сол) одамон беш аз 60 триллион саҳифаи веб месозанд. Бо чунин суръати афзоиши маълумот, пайдо кардани иттилооти зарурӣ барои инсон торафт душвортар мешавад.
Маҳз дар ҳамин ҷо зеҳни сунъӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Он метавонад аз байни ҳаҷми бузурги маълумот чизеро, ки барои мо муҳим аст, пайдо, ҷудо ва пешниҳод кунад.
------------
Тасаввур кунед, вақте ки ман бо гугл ошно ҳам набудам, Кевин Келли аллакай аз Chat GPT хабар доштааст.

