Туро, ки ҳиммату иқболу фарру бахтест
Ба ҳар чӣ саъй кунӣ давлатат диҳад ёре...
Саъдии Шерозӣ
Агар чизе аз таҳти дил мехоҳӣ, агар фикри расидан ба он туро ором намегузорад, зуд ноумед нашав. Шояд роҳаш дароз бошад, шояд чанд бор хаста шавӣ, ҳатто шояд лаҳзаҳое бирасанд, ки фикр кунӣ дигар намешавад. Аммо ин ҳанӯз охири қисса нест.
Ҳар чизе, ки арзиши расидан дорад, одатан сабр, талош ва чанд бор аз нав оғоз кардан мехоҳад. Муҳим он аст, ки дар миёнаи роҳ аз худат даст накашӣ.
Пас агар орзуе ба дилат нишастааст, барои он қадам гузор. Кӯшиш кун, омӯз, сабр кун ва идома деҳ. Шояд охири қиссаи ту маҳз ҳамон чизе бошад, ки имрӯз танҳо орзуяшро дорӣ.

30
12
2August 10, 2026 2.6K 9