– Ҳой, майдаяк! Пойфзол харидан мехостӣ? Пойафзолҳои имсола хеле босифатанд...
Писарак ба вай нигариста, бо табассум гуфт:
– Дар ҳақиқат зебоянд. Лекин як пои ман аз таваллуд...
– Боке не, – сухани ӯро бурида, гуфт дӯкондор, – Ҳеҷ кас комил нест, ҳамаамон камбудие дорем. Яке аз даст, дигаре аз пой, сеюмӣ аз ақл, он дигарӣ аз имону инсоф маҳрум аст.
Писарак чизе намегуфт. Дӯкондор идома дод:
– Эй кош, ба ҷойи виҷдону инсоф аз пой маҳрум мебудем.
Писар аз ин суханони пойафзолфурӯш гаранг шуд. Ӯ каме наздик омада, гуфт:
– Нафаҳмидам. Чаро ин тавр гуфтед?
– Охир, виҷдон надошта бошем, ба инсони сангдилу бешафқат мубаддал мегардем... Оҳи мардум ба сарамон мерезад, мудом носазо ва дуои бад мешунавем. Аз ин рӯ, бе пой ва ё бе даст будан ба қадри бе виҷдон ва бе инсоф будан сахту ваҳмовар нест.
Дар чеҳраи писарак боз табассум пайдо шуд.
– Порае аз ҳикояи “Тахфиф” дар китоби “Шоха бишканад, дил не”
11
5
3
1February 15, 2026 509 1