Имом Аҳмад ибн Ҳанбал роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
«من صلى صلاتنا، واستقبل قبلتنا، وأكل ذبيحتنا، فهو المسلم، له ما لنا وعليه ما علينا.»
«Ҳар ки намози моро бихонад ва ба қиблаи мо рӯй оварад ва забҳкардаи моро бихӯрад, пас ӯ мусалмон аст. Барои ӯст он чи барои мост ва бар зиммаи ӯст ончи бар зиммаи мост».
📚 Масоили Ибни Ҳаний (1/82)
Масоили Имом Аҳмад, ривояти Абдуллоҳ ибн Аҳмад , 1346
Масоили Имом Аҳмад, ривояти Абу Довуди Сиҷистоний, 1/350
Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
«إذا أظهر الرجل الإسلام في دار الحرب، حُكِم له بالإسلام.»
«Агар нафаре дар диёри ҳарб исломро зоҳир намояд, пас ӯро бо Ислом ҳукм карда мешавад».
(Ҳавориҷон ба ин асар хилоф карда, гуфтанд: Агар нафаре дар диёри ҳарб исломро зоҳир намояд ҳам, ба ӯ ҳукми Ислом дода намешавад)
📚 Китоби Умм 4/259
Ибну Абдил Барри (Моликий) гуфт:
«الإسلام يُحكم به بالظاهر، والله يتولى السرائر.»
«Ислом - бо зоҳир ӯро ҳукм карда мешавад. Аллоҳ азза ва ҷалла сирҳоро мукаллаф аст». (яъне ботини ӯро ба Аллоҳ месупорем).
📚 Тамҳид, 16/315
Имоми Аҳмад роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
وَلَا نُكَفِّرُ أَهْلَ الْقِبْلَةِ بِذُنُوبِهِمْ ، وَنَكِلُ أَسْرَارَهُمْ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ
«Аҳли қибларо бо гуноҳонашон такфир намекунем. Ва сирҳояшонро ба Аллоҳ азза ва ҷалла месупорем».
📚 Усулус сунна, Имом Аҳмад.
(Хавориҷон гуфтанд: Аҳли қибларо то имтиҳон карда Исломашро надонем, такфир мекунем).
Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
قال الإمام الشافعي:
"أحكم للمُصلّي بالإسلام، ولا أكفّره بذنب، ما دام لا يقول قولاً يُكفَّر به."
«Одами намозхонро бо Ислом ҳукм мекунам. Бо ягон гуноҳе ӯро такфир намекунам. Модоме, ки суханеро нагӯяд, ки бо ӯ такфир карда мешавад».
📚 Маноқибуш Шафеъий, Байҳақий, 1/415
(Хавориҷон гуфтанд: Одами намозхонро мусалмон намегӯем, агарчи аз ӯ навоқизеро надида бошем ҳам. То ӯро нашиносем, мусалмон намегӯем).
Имом Молик ибн Анас роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
قال الإمام مالك:
"من أقام الصلاة إلى القبلة، ولم يقل ما يكفر به، فليس بكافر عندي."
«Ҳар ки ба қибла рӯй оварда намоз гузорад ва сухани куфрро нагӯяд, пас ӯ дар назди ман кофир намебошад».
📚 Ибну Абдил Барр, Тамҳид 16/295
Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
قال الشافعي رحمه الله:
«إذا أظهر الرجل الإسلام في دار الحرب، حُكِم له بالإسلام، ولم يُسأل عن شيء بعد إقراره.»
«Агар нафаре дар диёри ҳарб исломро зоҳир намояд, пас ӯро бо Ислом ҳукм карда мешавад. Ва баъд аз иқрораш ӯро аз чизе пурсида намешавад».
📚 Китоби Умм, 4/259
Имом Молик ибн Анас роҳимаҳуллоҳ гуфтанд:
قال مالك:
«من صلّى صلاتنا، واستقبل قبلتنا، وأكل ذبيحتنا، فهو المسلم، له ذمة الله وذمة رسوله.»
«Касе, ки намози моро бихонад ва ба қиблаи мо рӯй оварад ва забҳкардаи моро бихӯрад, пас ӯ мусалмон аст. Ӯ дар зиммаи Аллоҳ ва Паёмбараш аст».
📚 Муваттои имом Молик, боб дар бораи касе ки рӯй ба қибла оварда намоз мегузорад, 524
Идома 👇