📌Имом Оҷуррии Шофеъӣ, мутаваффои соли 360 ҳиҷрӣ, аз аиммаи аҳли суннат ва аз ҷумлаи салафи солеҳ.
✅️ Имом Заҳабӣ дар «Сияру аъломин-нубало» дар васфи ин имом гуфтааст:
«الإِمَامُ، المُحَدِّثُ، القُدْوَةُ، شَيْخُ الحَرَمِ الشَّرِيْفِ، أَبُو بَكْرٍ مُحَمَّدُ بنُ الحُسَيْنِ بنِ عَبْدِ اللهِ البَغْدَادِيُّ الآجُرِّيُّ، صَاحبُ التَّوَالِيفِ».
«Имом, муҳаддис, қудва, шайхи Ҳарами Шариф Абу-Бакр Муҳаммад ибнал-Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ал-Бағдодӣ ал-Оҷуррӣ, соҳиби таълифот».
— Дар китоби Шариъа бобҳои зиёде дар баёни ақидаи аҳли суннат омадааст, ва бобе махсус дар мавзӯъи сифот низ дорад.
Мавзӯъи сифотро бо исботи «сифати ханда» оғоз мекунад, ва сипас сифатҳои дигарро зикр кардааст, мисли: истиво ва улув, ва сифати калом ва сифати нузул, ва сифатҳои дасту ангушт ва ҳадиси сурат.
✅️ Имом Оҷуррӣ дар исботи «сифати ханда» қабл аз зикри ривоятҳо мегӯяд:
«أَهْلَ الْحَقِّ يَصِفُونَ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ بِمَا وَصَفَ بِهِ نَفْسَهُ عَزَّ وَجَلَّ، وَبِمَا وَصَفَهُ بِهِ رَسُولُهُ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَبِمَا وَصَفَهُ بِهِ الصَّحَابَةُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ، وَهَذَا مَذْهَبُ الْعُلَمَاءِ مِمَّنِ اتَّبَعَ وَلَمْ يَبْتَدِعْ، وَلَا يُقَالُ فِيهِ: كَيْفَ؟ بَلِ التَّسْلِيمُ لَهُ، وَالْإِيمَانُ بِهِ أَنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ يَضْحَكُ، كَذَا رُوِيَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَعَنْ صَحَابَتِهِ، وَلَا يُنْكِرُ هَذَا إِلَا مَنْ لَا يُحْمَدُ حَالُهُ عِنْدَ أَهْلِ الْحَقِّ».
«Аҳли ҳаққ Аллоҳ азза ва ҷалларо васф мекунанд, бо ончӣ ки Худро васф кардааст ва бо ончӣ, ки Расулаш ﷺ Ӯро васф кардааст, ва ончӣ ки саҳоба رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُما васф кардаанд. Ва ин мазҳаби уламо ҳаст, аз он уламое, ки пайравӣ кардаанду бидъат наёвардаанд дар дин. Ва дар мавриди ин «сифати ханда» кайфа (чӣ тавр) намегӯем. Балки таслим мешавем ва имон меорем ба онки Аллоҳ азза ва ҷалла механдад. Ҳамин тавр ривоят шудааст аз Набий ﷺ ва ёронаш. Ва ин сифатро инкор намекунад магар он шахсе, ки дар назди аҳли ҳаққ ҳолаш табоҳ (яъне мардуду бидъаткор) аст».
📚Шариъа 2/1051
✅️ Ва дар боби «сифати нузул (фуруд омадани Аллоҳ таъоло ба осмони дунё)» низ мегӯяд:
«الْإِيمَانُ بِهَذَا وَاجِبٌ، وَلَا يَسَعُ الْمُسْلِمُ الْعَاقِلُ أَنْ يَقُولَ: كَيْفَ يَنْزِلُ؟ وَلَا يَرُدُّ هَذَا إِلَّا الْمُعْتَزِلَةُ وَأَمَّا أَهْلُ الْحَقِّ فَيَقُولُونَ: الْإِيمَانُ بِهِ وَاجِبٌ بِلَا كَيْفٍ، لِأَنَّ الْأَخْبَارَ قَدْ صَحَّتْ عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ يَنْزِلُ إِلَى السَّمَاءِ الدُّنْيَا كُلَّ لَيْلَةٍ» وَالَّذِينَ نَقَلُوا إِلَيْنَا هَذِهِ الْأَخْبَارَ هُمُ الَّذِينَ نَقَلُوا إِلَيْنَا الْأَحْكَامَ مِنَ الْحَلَالِ وَالْحَرَامِ، وَعِلْمَ الصَّلَاةِ، وَالزَّكَاةِ، وَالصِّيَامِ، وَالْحَجِّ، وَالْجِهَادِ، فَكَمَا قَبِلَ الْعُلَمَاءُ عَنْهُمْ ذَلِكَ كَذَلِكَ قَبِلُوا مِنْهُمْ هَذِهِ السُّنَنَ، وَقَالُوا: مَنْ رَدَّهَا فَهُوَ ضَالٌّ خَبِيثٌ، يَحْذَرُونَهُ وَيُحَذِّرُونَ مِنْهُ».
«Имон овардан ба ин сифат воҷиб аст, ва мусалмони оқилеро ҷоиз нест, ки «чӣ тавр нозил мешавад» бигӯяд. Ва ин сифатро ғайр аз муътазила (ва имрӯз ин ҷаҳмиҳо) касе радд намекунад. Ва аммо аҳли ҳаққ (аҳли суннат ва ҷамоъат) мегӯянд: Имон овардан ба ин сифат воҷиб аст, бидуни кайф (чӣ хел гуфтанҳо). Зеро ки ахбор аз Расулаллоҳ ﷺ собит шуда, ки: «Аллоҳ азза ва ҷалла фуруд меояд ба осмони дунё ҳар шабе». Ва он шахсоне, ки ин ахборро ба мо расонидаанд (ривоят кардаанд), ҳамон шахсоне ҳастанд, ки аҳкомро барои мо расонидаанд аз ҳалолу ҳаром ва илми намозу закоту рӯза ва ҳаҷҷу ҷиҳод. Ва чӣ тавре, ки уламо ин аҳкомро аз он салаф қабул карданд, ҳамин тавр ин суннатҳоро низ қабул кардаанд. Ва гуфтаанд: Ҳар касе, ки ин суннатҳоро (дар исботи сифатҳо) радд кунад, гумроҳи хабис аст. Аз ин мункирини сифот дӯр мешуданд, ва мардумро аз ӯ барҳазар медоштанд».
📚Шариъа 3/1126
✅️ Ва ҳамчунин дар мавриди «сифати ангуштон» аз Бишр ибни Ҳорис (Бишри Ҳофӣ) меорад, ки гуфтааст: